Санаи 15 – уми феврали соли 2022 бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 02215 ва 02265 – и дар шаҳри Исфара буда, бо иштироки намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоидов О.А, намояндаи Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Аҳмадзода П. ва кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Ҷураева Г, Қаҳорова Д ва иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши ҷавонони МИҲД-и шаҳр Шокирова М бо сарбозон вохӯри баргузор гардид.
Зимни вохӯри намояндагони болозикр баромад намуда, сарбозонро бо 29 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд.