Рубрики
Uncategorized

ИСФАРА: Аъзоёни ттэ ҳни рушди устувори тоҷикистонро чашми дидан надоранд!

Тавре мушоҳида мешавад, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир ҳамчун давлати миллӣ рушд намуда истода, кӯшиш дорад бо сарварии роҳбари хирадманди хеш, Пешвои миллат ба бузургтарин ҳадаф ва стратегияҳои созандаи миллӣ ноил гардад. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ин самт имрӯзҳо як қатор корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳоли анҷомёбӣ буда, талошҳо барои ноил гардидан ба дастовардҳои муҳимми миллӣ идома доранд. Албатта, рушди устувори ҳар як давлат аз сиёсати созандаи роҳбари он алоқамандии ногусастанӣ дорад. Ин нуктро таҷрибаи таърихӣ ва воқеиятҳои ҷаҳонӣ муосир бетардид шаҳодат медиҳанд. Аз ин ҷост, ки таърихи муосири ҷаҳон ба миллати тамаддунофари тоҷик дар шароити пуртазодӣ ҷаҳонӣ ва мавҷудияти буҳронҳои дохиливу хориҷӣ сарвареро эҳдо намуд, ки дар оянда раҳнамои миллат ва пояи истиқлол гардида, давлатро ба пешрафтҳои беназири иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсӣ расонда тавонист.

Дар ҳақиқат ҷомеаи огоҳи мо имрӯз дарк намудаанд, ки рушди устувори давлат аз сарвари он вобастагии ногусастанӣ дорад. Маҳз бо дарки чунин ҳолат имрӯз тамоми ҷомеа, ҷавонону пиронсолон, зиёиёну муҳандисон ва махсусан соҳибкорони ватанӣ дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, баҳри пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта истодаанд. Албатта чунин муттаҳидӣ ва фарогирии сиёсати созандаи Пешвои миллат ва ҷомеаи фарҳансолори мо боиси рушди бемайлони сохторҳои муҳимми ҷамъиятӣ мегарданд. Бояд қайд кард, ки чунин ҳолат, яъне муттаҳидии миллати тоҷик дар атрофи Пешвои миллати худ боис гардидааст, ки ҳар гуна гурӯҳҳои ғаразнок ва бахил аз ин раванд чандон хушоянд нестанду набошанд. Ва талош доранд, то ваҳдату якдилӣ ва раванди созандагию ободкории миллати моро халалдор намуда ҷомеаро ба бесуботӣ расонанд.

Ташкилоти террористиву экстремистии наҳзати ислом ва роҳбарони он аз қабили чунин гурӯҳҳои ғаразноке мебошанд, ки ободӣ ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дидан намехоҳанд. Имрӯз муҳтавои фаъолияти гурӯҳҳои ба ном мухолиф, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд ба ҷомеаи огоҳи мо равшан аст. Миллати тоҷик дарк намудааст, ки саркардагони амалҳои террористиву экстремистӣ яъне наҳзатиён барои ҷомеаи имрӯз ва ояндаи мо ҳамчун таҳдид ба ҳисоб мераванд. Аз ҳамин ҷост, ки роҳбарони ташкилоти террористиву экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом дар байни ҷомеа ҳамчун хоинони миллат шинохта шудаанд.

Яъне, миллати огоҳи мо аз хурд то калон эҳсос ва дарк кардаанд, ки наҳзатиён барои давлати миллии тоҷикон чун таҳдиди ҷиддӣ баромад менамоянд. Албатта чунин андешаи ҷомеаро қадр бояд кард, ки наҳзатиёнро хоинони миллат ном мебаранд. Муҳтавои фаъолияти наҳзатиён ва ҳаммаслаконашон бозгӯи он аст, ки онҳо амалкунандаи барномаву сенарияҳои экстремистиву террористии драматургҳои бузургашон буда, дар воқеъ сазовори номи хоинони миллат мебошанд. Драматуртгоҳи молиявӣ ва тарроҳони барномаҳои экстремистиву террористӣ ҳамеша кушуш менамоянд, то сенарияҳои худро ба василаи шахс ё гурӯҳи муайян амалӣ намуда чеҳраи воқеии худро дар оинаи сиёсати ҷаҳон намоиш надиҳанд. Аз ҳамин лиҳоз хоинони миллат ба хотири маблағҳои бузург шуда, розӣ мешаванд ба миллату давлати худ хиёнат кунанд.

Маҳз ба ҳамин хотир аст, ки хоинони миллат имрӯз ҳама он пешрафт ва дастовардҳои муҳимми Тоҷикистонро дидан намехоҳанд ва бо наворҳову навиштаҷотҳои пур аз дуруғу буҳтон ва дур аз ахлоқии худ кушиш доранд ба афкори ҷомеа таъсиргузорӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки бо ин амалҳо хоинони миллат наметавонад, суботу якдилии миллати моро халалдор намояд. Имрӯз миллат ба қудрати созандагии давлат ва Пешвои миллати худ боварии комил дорад. Бунёди иншооти муҳимми аср Роғун, ки Шуравӣ натавонист бунёдаш кунад, бунёди роҳҳову нақбҳо, сохтмони шаҳрҳои азим, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва саҳмгирии соҳибкорони саховатманд дар ин ҷода, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ҳама аз пешрафти Тоҷикистон ва якдиливу ягонагии миллат шаҳодат медиҳад, ки хоинони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста кушиш менамояд, онҳоро инкор намояд. Албатта хоинони миллат ягон вақт наметавонад. Зеро рушди устувори Тоҷикистон воқеият аст. Даркшаванда ва диданӣ ҳаст. Мисли амалҳои хоинони миллат пур аз дуруғ ва буҳтон нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *