Рубрики
Асосӣ

ИСФАРА: Баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо

Санаи 19-уми июли соли 2022 дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо дар шаҳри Исфара бахшида таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз бо иштироки масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Исфара , бо иштироки васеи кормандони мактаби варзишии #1 дар шахри Исфара доир гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар муассисаи мазкур намояндагии ФИҶТ дар шаҳри Исфара таъсис дода шуда бо пешниҳоди ҳайати кормандон раиси намояндагии филиали Иттифоқи ҷавонон Махсумов О. дар муассисаи мазкур бо овоздиҳии иштирокчиён интихоб карда шуда, қабули аъзоён филиали Иттифоқи ҷавонон карда шуданд.

Зимнан, аз ҷониби масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Исфара вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паём, масъалаҳои самти ҷавонон вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ ба самҳи ҳозирин расонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки то охири моҳи август чунин вохурӣ ва мулоқотҳо дар дигар ташкилоту муассиса доир хоҳанд гашт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *