Рубрики
Асосӣ

ИСФАРА: Боздид аз иншооти ҷашнӣ

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда истодааст.

Вобаста ба ин дирӯз Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва  Раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур  аз рафти идомаи корҳои сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара дидан карда, барои тезонидани корҳои сохтмонию васлкунӣ ва дар мӯҳлати муайяншуда бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *