Рубрики
Асосӣ

ИСФАРА: Вазъи кор байни занон

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои занону бонувон имкониятҳои мусоиди кору фаъолият фароҳам оварда шуда, баҳри беҳтар гардидани вазъи шароити рӯзгору меҳнат, баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа, ба таҳсил фароҳам ҷавондухтарон, бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани занону бонувон ва дар корҳои роҳбарикунанда таъин намудани онҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Айни замон миқдори умумии занон дар шаҳру деҳоти Исфара 138776 нафар ё ин ки 49,6 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад. Аз 15854 нафар аъзои ҲХДТ 9077 нафарашон занону бонувон ҳастанд. Ин нишондод 56.6% миқдори умумии аъзои ҳизб буда, аз фаъолнокӣ ва ташаббуси бонувони Исфара дар саҳми шахсӣ гузоштан дар татбиқи амалии сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаходат медиҳад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара бобати баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувони болаёқат дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонида истотодааст.

Бо ин мақсад ба фаъолияти доманадориву нишонраси Шӯроҳои занони назди ташкилотҳои ибтидоиии ҳизбӣ аҳамияти хоса дода мешавад.

Соли ҷорӣ эълон намудани озмуни “Шӯрои занони беҳтарин” имконият фароҳам меоварад, ки дар ҳамаи 208 ташкилотҳои ибтидоӣ дар самтҳои асосии фаъолияти Шӯроҳои занон пешравиҳо назаррас гарданд.

Кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ҳамарӯза барои беҳтар ба роҳ фаъолияти Шӯроҳои занон ба фаъолзанон кумакҳои методии амалӣ мерасонанд.

Дар ин замина Мирзоева Ситора – мудири шӯъбаи занони Кумитаи иҷроия шаҳрӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Устомулло” бо як гурӯҳ аъзои Шӯрои занон ҷиҳати тақвияти корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар байни сокинони маҳалла ва занони хонашин сӯҳбат доир намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *