Рубрики
Асосӣ

ИСФАРА: ВОХӮРИИ СУДМАНД

Бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Хоҷазода Некзод бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Исфара вохӯрӣ баргузор намуд.

Хоҷазода Н. дар бораи нақш, мақому манзалати ҲХДТ ва Раиси он  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон ва некуаҳволии халқ, рушди бемайлони ҷомеа, адолати иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун ва амнияту оромӣ дар кишвар баромади пурмӯҳтаво намуд.          Ҳамчунин диққати иштирокчиён бобати вазифаҳои ҳар як шаҳрванд дар муқовимат ба коррупсия, фароҳам овардани фазои тақотнопазирӣ ба зуҳуроти коррупсионӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба  он мусоидаткунанда ҷалб  карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *