Рубрики
Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ИСФАРА: ДАР “МДХМК- НАВОБОД ” ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МДХМК- НАВОБОД ” ТАЪСИС ДОДА ШУД.

Сиёсати мутавозину гуногунҷанбаи Пешвои муаззами миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самту соҳаҳо хусусияти ватандӯстона дорад. Ҳама кору пайкор ва амалҳои Президенти кишвар чӣ дар бахши иқтисоду иҷтимоиёт, чӣ дар бахши маорифу фарҳанг ва чӣ дар бахши сиёсати хориҷӣ тадбирҳои ватанпарастона ва беҳтарин намунаи ватандӯстӣ мебошад.

Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқоматии аъзоён созмон ёфта, аз тарафи кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешаванд.

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроия дар шаҳри Исфара дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар доираи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи корхонаю муассисаҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолияткунанда ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда истодаанд.

Дар асоси нақшаи корӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Гулафзо Ҷӯраева ва мудири  бахши оморӣ КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Фарзона Раҳматова  санаи 12 июни соли 2024 дар  Муассисаи давлатии хоҷагии манзилию коммуналӣ “Навобод” бо ташаббуси ҳайати муассисон маҷлис баргузор карда шуд. Бо пешниҳод ва ҷонибдории ҳайати муассисон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, вобаста ба самти фаъолияти корхона ташкилоти ибтидоӣ  “МДХМК- НАВОБОД ” номгузорӣ карда шуд.

Аз ҷониби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ номзадии роҳбари муассисаи  “МДХМК- НАВОБОД ”  Ҳайдаров Шӯҳрат  ба раисии ташкилоти ибтидоии “МДХМК- НАВОБОД ” пешниҳод карда шуда, якдилона интихоб карда шуд.

Дар фарҷом ба 7 нафар кормандони муассиса, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ҷиҳати дохил гардидан ба сафи ҲХДТ ба Кумитаи иҷроия ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Ҳамчунин, аз аъзои ташкилоти ибтидоӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати пос доштани истиқлоли давлатӣ, ваҳдату якпорчагии кишвар ва ҳуввияти миллӣ, муқаддас донистани асолати миллӣ ва густариши робитаҳои дӯстона миёни давлатҳои ҳамсоя, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи баланди инсондӯстию ватанпарастӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешанд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *