Рубрики
Асосӣ

ИСФАРА: Дастурҳои пешвои миллат дар амал

Мутобиқ ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 12.08.2022 дар машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд баён гардиданд, гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар ҳайати Мирзоева Ситора – мудири шӯъбаи занони комиҷроия ва Собирова Райҳона – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, муовини раиси ҷамоати деҳоти Кулканд дар деҳоти Кулканд бо фаъолзанони маҳаллаҳо мулоқот оростанд. Дар рафти вохурӣ таъкид карда шуд, ки бӯҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳон, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии нархҳо ба маҳсулоти озуқаворӣ ба сатҳи зиндагии мардум таъсири ниҳоят ҷиддӣ расонида истодааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар чунин шароити ҳассос таъмини фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкил кардани захираи маҳсулоти ғизоӣ дар ҳар як оила, роҳ надодан ба исрофи озуқаворӣ ва риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазифаи ҳамаи фаъолон мебошанд. Ва дар ин самти кор фаъолзанон бояд нақши калидӣ дошта бошанд.

Иштирокдорон ба хулоса омаданд, ки дар ҳамаи маҳаллаҳои ҳудуди деҳа гардиши хона ба хона ташкил карда, ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, захираи маҳсулоти ғизоӣ бо ҳар як оила сӯҳбат гузаронида шавад.

Иштирокдорони мулоқот бо таҷрибаи раиси занони маҳаллаи “Гузар” сокини деҳа Ҷунайдуллоева Саёҳатхон, ки ҳар сол аз ҳисоби замини наздиҳавлигиаш барои фасли зимистону аввали баҳор меваю сабзавот ва дигар маҳсулотҳоро дар зарфҳои шишагин ва бо дигар воситаҳо захира менамояд, шинос шуданд. Қайд гардид, ки чунин тарзи захираи маҳсулот дар моҳҳои августу – октябр айни муддаост.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *