Рубрики
Асосӣ

ИСФАРА: Конференсияи XXХIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара

Дар толори Кохи фарҳанги маркази шаҳр Конференсияи XXХIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара баргузор гардид.

Дар кори конфронс муовини аввали раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, вакилон, фаъолони ҳизб ва ҷавонон иштирок намуданд.

Нахуст меҳмонон ва вакилони конфронс аз намоши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар даромадгоҳи Кохи фарҳанг ороста шуда буд, дидан намуданд.

Дар Конференсия масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва комиссияи тафтишотии он дар шаҳри Исфара аз моҳи ноябри соли 2019 то июли 2022, интихоби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, интихоби вакилон ба Конференсияи XУ Ҳизби ХалқииДемократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Суруридин Зиёваддинзода оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то июли 2022 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.

Тавре зикр гардид, дар давраи ҳисоботӣ корҳои дохилиҳизбӣ такмил ёфта, аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 4 маротиба Конференсияи ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Исфара, 19 маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, 16 маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, 4 маротиба маҷлиси фаъолони ҳизб баргузор гардида, дар онҳо 63 масъалаҳои ҳаётан муҳим ва мубрами рӯз мавриди омӯзиш, таҳлил ва хулосабарорӣ қарор гирифт.

Дар ин давра 35 адад ташкилотҳои нави ҳизбӣ таъсис ёфта, шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ 208 ададро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2020 32 адад зиёд мебошад. Таи ин муддат қабули босифати аъзои ҳизб ба роҳ монда шуда, 2111 нафар шахсони соҳибмаърифат ба сафи ҳизб қабул гардиданд. Алҳол шумораи аъзои ҳизб ба 15 836 нафар расида, аз ин шумора 57,2 фоизашро занон ва 34,5 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар ин давра фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеъа густариш ёфт. Дар маҷлисҳои раёсат, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, ташкилотҳои ибтидоӣ ва Конференсияҳо масъалаҳои ҳаётан муҳим ва мубрами рӯз мавриди омӯзиш, таҳлил ва баҳрабардорӣ қарор гирифта, раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ, кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо сатҳи баланди донишҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, малакаи ташкилотчигӣ фаро гирифта шуданд. Дар меҳвари мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони шаҳру деҳот, ки аз ҷониби гурӯҳҳои тарғиботӣ доир карда шуданд, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, дар рӯҳияи инсонпарварӣ, азбаркунии донишҳои муосир, ба камол расонидани насли наврас қарор гирифтанд.

Дар муҳокимаи маърӯза вакилон Таибидин Мухамедов, Меҳриниссо Раҳматова, Зайнура Ҳасанова ва Ғайрат Нозирҷонов баромад намуданд.

Минбаъд аъзои комиссияи тафтишотӣ, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҶДММ “Маснуоти оҳану бетонӣ” Абдухолиқ Убайдуллоев ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфараро оид ба фаъолияти молиявии КИШ ҲХДТ дар давраи ҳисоботӣ пешниҳод намуд.

Дар ҷараёни Конфронс вакилон масъалаҳои дигари рӯзномаро низ муҳокима намуда аз рӯи он қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Ҳамчунин 50 нафар фаъолони ҳизб ба Конференсияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вакил интихоб карда шуданд.

Муовини авали раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо баробари изҳори қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳизбиёни шаҳри Исфара, ҳамзамон вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбиро ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи пурраи меъёрҳои оинномавӣ ва ҳадафҳои барномавии ҳизб ҳидоят карданд.

Ҳамчунин маҷлиси нахустини ҳайати нави Кумитаи иҷроия баргузор гардида, Гулафзо Ҷӯраева раиси нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара интихоб шуд.

Конференсия бо қадршиносии гуруҳи фаъолон ва собиқадорони ҳизб анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *