Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСФАРА: Мо ҷонибдори сулҳем!

Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳпарварона ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамаи масъалаҳои мураккабро бо роҳи сулҳу осоиштагӣ ҳал намояд.

Санаи 27-январи соли 2022 дар маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара байни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад, ки дар он чанд нафар аз аҳолии осоишта фавтида чанди дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Дар ҳама ҳолат ҷониби Тоҷикистон бо вуҷуди талафоту захми шудани сокинонаш ҳамеша хостори осоиштагӣ, ҳамдигарфаҳми ва тавофуқ гардидааст. Тибқи иттилои масъулони марзбонони сарҳади муноқиша ва оташкушоӣ аз ҷониби марзбонони кишвари ҳамсоя шурӯъ шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон зери Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар оини ҳамсоядорӣ, риояи қонуну тартибот ва аҳдномаҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамеша аз ҷониби салоҳият ва ҳамдигарфаҳмӣ кор мегирад.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд вобаста ба ин вазъият, дар шаҳри Исфара мулоқоти гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Раҷабалӣ Раҳмонзода, сардори хадамоти марзбонии Тоҷикистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу субот ва таъмини амният дар хати марз аст. Мардуми наздисарҳадӣ бояд дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд. Минбаъд пеши роҳи чунин низоъҳо гирифта шавад.

Дар музокирот роҳбари Кумитаи амнияти Қирғизистон Қамчибек Тошиев изҳор дошт, низоъ бо роҳи мусолиҳатомез ҳал карда мешавад. Пос доштани одоби ҳамсоядорӣ муҳим аст ва бояд мардуми наздимарзӣ дар фазои орому осуда зиндагӣ кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *