Рубрики
Асосӣ

ИСФАРА: МУЛОҚОТИ МУФИД

Бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Хоҷазода Некзод бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Исфара мулоқот баргузор намуд.

Зимни мулоқот Хоҷазода Н. дар мавзӯҳои “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раиси он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон ва некуаҳволии халқ” ва “Муқовимат ба коррупсия – баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ” баромади пурмӯҳтаво намуд.

         Ҳамчунин диққати ҳозирин бобати вазифаҳои ҳар як фарди ҷомеа дар муқовимат ба коррупсия, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба зуҳуроти коррупсионӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба  он мусоидаткунанда ҷалб  карда шуд.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *