Рубрики
Асосӣ

ИСФАРА: Нуқтаҳои асосии Паёми Президенти кишвар

Рӯзи гузашта дар шаҳри Исфара  мулоқотҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, Ҷавҳарӣ Муҷибахон ва Усмонзода Мансур бо фаъолони ҷамоати деҳоти Сурх ва Хонобод оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.

Вакилонро дар вохӯриҳо муовинони раиси шаҳр Бобоиён Мадина, Муҳиддинзода Муҳаммад ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Зиёваддинзода Суруридин ҳамроҳӣ намуданд.

Баромадҳои вакилонро, ки хеле ҳадафрас буд, сокинони деҳоти мазкур хуб қабул карданд ва изҳор намуданд, ки барои иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём зикр шудааст, саъю кӯшиш менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *