Рубрики
Асосӣ

ИСФАРА: Паёми Пешвои муаззами миллат – раҳнамои саодати мардум

Дар қасри Шифокорони ҶСК “Осоишгоҳи Зумрад” ҷамъомади аҳли ҷомеаи меҳнатӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Осоишгоҳ , вакили маҷлисҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ Абдулмумин Ҳалимов оид ба нуқтаҳои Паём дар назди кормандон баромад намуд.

Мавсуф зикр намуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати сарнавиштсоз буда, дар он самтҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барои соли ҷорӣ муайян карда шудааст.

Дар рафти маҷлис аъзоёни гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Мухтадил Ҷӯраев, Азимҷон Охонов, Мунирахон Сангинова, Шероз Ҳомидов, Тоҳирҷон Муллоҷонов оиди нуқтаҳои Паём фикру ақидаи хешро баён доштанд.

Дар охири маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Осоишгоҳ Абдулмумин Ҳалимов аҳли ҷомеаи меҳнатиро ба меҳнати дилгармонаву содиқона бар нафъи халқу Ватан даъват намуд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *