Рубрики
Асосӣ

ИСФАРА: САҲМИ ҲИЗБИЁН ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ

Бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баҳри таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани ҳудуди ташкилоту муассисаҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.

Ҳадаф аз роҳандозии шанбегӣ ин тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал, ташаккули тарзи ҳаёти солим, муҳайё намудани шароити хуби корӣ дар атрофи корхонаву коргоҳҳо буда, дар рафти ҳашар гирду атроф аз алафҳои бегона тоза карда шуда, бехи гулу гулбутаҳо ва партовҳо бароварда шуданд. Ин аз он дарак медиҳад, ки аъзоёну ҷонибдорони ҳизб саҳми беандозаи худро пайваста дар ободу зебо намудани маҳали худ мегузоранд.

Бояд тазаккур дод, ки баргузории ҳашари дастаҷамъона баргузор гардида, корҳои ободонӣ дар самти амалҳои тозагиву бунёдкорона бо маром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *