Рубрики
Асосӣ Мақола

Исфара: ҒАЛАБА АЗ ВАҲДАТ АСТ

          Воқеаҳои рўзҳои охир касеро аз шаҳрвандони соҳибдилу ватандўст ором ва хотирҷамъ нишастан намонд. Садои дилхарошу даҳшатангези тиру бонги мошинаҳои ёрии таъҷилӣ дарак аз он медод, ки дар якчанд пораи хоки поки Тоҷикистони азиз, дар минтақаҳои сарҳадӣ нооромӣ рўй додааст ва он бояд сари вақт пешгирӣ карда шаваду ба пойи ягон ҳамватанамон хоре назанад, овози гиряву нола шунида нашавад. Аксарияти мардум дар изтиробу ташвиш буданд. Аз ҳама бештару беҳтар кормандони мақомоти қудратӣ барои пешгирӣ ва бартарафсозии ин низои бо айби бегонагон сарзада талошу мубориза мебурданд ва ҳатто чандин нафар маҷрўҳ ҳам шудаанду шаҳид ҳам.

           Ман ба сифати як собиқадори меҳнат аз ин фоҷиа хеле андўҳгин гардидам, баробари ин хотирҷамъ шудам, ки дар чунин рўзҳои вазнин аксарият бо ҳамдигар муттаҳид буданд. Хурду калон ба одамони низомипўш бо меҳрубонӣ менигаристанд, кўшиш мекарданд, ки дар паҳлўи онҳо бошанд ва дасти мадад дароз кунанд. Ҳеҷ коре агар аз дасташон намеомад, нисбати онҳо гапҳои нағз мезаданд, фахр мекарданд, ки сарбозону афсарони нотарсу далер ба поймол шудани як ваҷаб хоки Ватани азиз роҳ намедиҳанд ва метавонанд, ҳар гуна душману балою офатро аз сари мардуми боумед зиндагикардаистода дур андозанд.

          Донистам, ки тоҷикон Ватани худро муҳофизат карда метавонанд ва бо ҳамдигар муттаҳиданду дар лаҳзаҳои пеш омадани душворӣ бародарона дасти ҳамдигар мегиранд. Ин моро ба ояндаи неку дурахшон умедвор мекунад.

Узви фаъоли ҳизб:  Аҳмадҷонзода Муҳаммадамин Наққоши Исфарангӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *