Рубрики
Last News

Ифтитоҳи Маркази фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ ва гармхонаҳои парвариши гулҳои мавсимӣ дар шаҳри Хуҷанд

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти Маркази фурӯши гулҳо ва ду гармхонаи наву замонавии Корхонаи давлатии “Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ” оғоз бахшиданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти коргарону мутахассисони корхона асосан ба парвариши қаламча, ниҳол, гулҳои мавсимӣ ва буттаҳои ҳамешасабзу ороишии нодир равона гардида, ҳадаф аз таҷдиду навсозии мавзеи мазкур вусъат бахшидани корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла маркази маъмурии он шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти Маркази фурӯши гулҳо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо намунаи зиёди дарахтони сояафкану ҳамешасабзи нодир, гулу буттаҳои ороишӣ ва асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳол ва гулҳо ба фурӯш гузошта шудааст.

Маркази зебову барҳавои фурӯши ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвияти корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар масоҳати 150 метри мураббаъ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сохта шуда, ҳадафи дастандаркорон фароҳам овардани шароит ба нафарони дорои завқи баланди зебоипарастӣ мебошад.

Дар ин марказ мутахассисони соҳа дар баробари фурӯши ниҳоли дарахтони нодири сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ, инчунин имкон доранд барои парвариш ва роҳҳои дурусти нигоҳубини ниҳолу гулҳо ба аҳолӣ маслиҳатҳои муфид диҳанд.

Айни замон шумораи ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ дар ин корхона наздики 12 ҳазор бехро ташкил медиҳад.

Ду гармхонаи наве, ки дар ин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, барои парвариши зиёда аз 10 намуди гулҳои мавсимӣ пешбинӣ гардида, масоҳати умумии он 1600 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти масъулони Корхонаи давлатии “Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ” давоми сол дар ин ду гармхона имкони парвариши то 6 миллион дона гули мавсимӣ мавҷуд буда, дар асоси дархосту талаботи аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он метавон ин нишондодро зиёд намуд. Дар ду гармхонаи нав танҳо давоми як мавсим зиёда аз 2 миллион дона гулҳои гуногун парвариш карда мешавад.

То ин замон дар ин корхона 5 гармхона фаъолият мекард, ки коргарону мутахассисон дар як мавсим имконияти парвариши ҳамагӣ 700 ҳазор гулро доштанд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани боз ду гармхонаи нав имкон аст, ки дар як мавсим наздики 3 миллион гулҳои гуногунранг парвариш карда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба кори мутахассисон баҳои баланд дода, барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар шаҳр, зиёд намудани майдони парвариши ниҳоли дарахтони ороишию ҳамешасабз ва таъсиси гармхонаҳои гулпарварӣ масъулони соҳаро муваззаф намуданд.

Дар ҳудуди Корхонаи давлатии “Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ”-и шаҳри Хуҷанд, ки наздики 9 гектарро дар бар мегирад, дар баробари гулҳои мавсимӣ ҳамзамон 12 намуди ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, парвариш карда мешавад.

Дар корхонаи мазкур қариб 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занон ташкил медиҳанд, ба парвариш ва нигоҳубини дарахтон машғуланд ва дар давоми 1 соли охир коргарон ин мавзеъро ба як макони зебову дилфиреб табдил додаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа супориш доданд, ки бо истифода аз заминаи мусоиди ин парваришгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ ва боз ҳам зебову дилнишин гардонидани боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он аз шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода баранд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/25478

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *