Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49 дар деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғайрати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот се ошëна буда, дорои 16 синфхонаи таълимӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ëрирасон мебошад.

Муассисаи нави таълимӣ барои 850 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ барои футболи хӯрд, волейбол ва баскетбол бунёд гардида, атрофи иншоот ободу зебо карда шудааст.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49 дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Урунбой Нурматов бунёд гардидааст.

Зимни ифтитоҳи иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои куҳнаи муассиса соли 1958 сохта шуда, аз 3 синфхона ва ҳуҷраи омӯзгорон иборат буд.

Қаблан дар муассисаи таълимӣ 9 омӯзгор ба таълиму тарбияи 106 хонанда машғул буданд. Дар мактаби куҳна норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон ва набудани имкони созгори таҳсил аз мушкилоти асосӣ дониста мешуд.

Дар ин росто ҳамасола афзоиш ёфтани шумораи хонандагон дар деҳаи Ғайрати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ва ҳавасмандии насли наврас ба омӯзиши илмҳои замон зарурати бунёди муассисаи таълимии наву замонавиро тадриҷан дучанд месохт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори маҳаллиро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи дониш ифтитоҳи иншоотро тӯҳфаи арзанда ба омӯзгорону хонандагон ва қадами устувор дар самти рушди соҳаи маорифи шаҳр маънидод намуданд.

Бояд гуфт, ки бо истифода аз имкони созгори таълиму тарбия, омӯзгорон бо ҳисси баланд барои дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас кӯшиш карда, дар ин росто ояндасозони ватан низ дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ба омӯзиши илмҳои замон низ бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26381

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *