Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи фермаи парандапарварии ҶДММ “Мурғи Шаҳристон” дар ноҳияи Шаҳристон

Дар идомаи сафари кории худ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фермаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи Шаҳристон” – ро ифтитоҳ намуданд.

Фермаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Сомон Қурбонов бунёд карда шудааст.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон яке аз калонтарин ва аввалин корхонаи истеҳсоли гушти мурғ ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсоли маҳсулот дар як давра, ки 45 рӯзро дар бар мегирад, 170 тоннаро ташкил медиҳад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар ин иншооти нави соҳаи паррандапарварӣ имрӯз 80 ҳазор сар мурғ парвариш гардида, масъулин азм доранд ин нишондодро то ба 120 ҳазор сар расонанд.

Баробари афзудани саршумори парранда инчунин ҷои корӣ низ зиёд мегардад. Агар имрӯз 25 нафар дар фермаи парандапарварии “Мурғи Шаҳристон” бо ҷои кор ва маоши баланд таъмин гардида бошанд, бо ба кор андохтани иқтидорҳои мавчуда ҷои корӣ то ба 40 нафар расонида мешавад.

Дар коргоҳ муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ насб гардида, ҷараёни нигоҳубини чуҷаҳо, муайян намудани ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо ва омода намудани мурғҳои гуштӣ тавассути технологияи компютерӣ амалӣ мешаванд.

Гушти мурғ дар кишвари мо аз маҳсулоти серталаб ба шумор рафта, ҷиҳати густариши ин соҳа аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат як қатор барномаҳо қабул гардидаанд. Натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ имрӯз самар меорад ва дар вилояти Суғд ба соҳаи паррандапарварӣ – ҳамчун омили муҳими таъмини бозори истеъмолӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир мегардад.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи Фермаи парандапарварии “Мурғи Шаҳристон” дидан намуда, ба сифат ва коркарди он баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки соҳибкорону кишоварзон вобаста ба вазъияти баамаломада бояд масъулияти бештар ҳис кунанд ва барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас гузоранд.

Дар навбати худ паррандапарварон низ ваъда доданд, ки дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат корро дар ин самт ҷоннок намуда, дар назди коргоҳ боз ду сехи нав ташкил менамоянд. Бо роҳандозии чунин тадбир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифатро афзоиш ва шумораи кормандонро зиёд намуда, ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.

Корхонаҳои паррандапарварӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Гулистон, Конибодом, Зафаробод, Хуҷанду Бӯстон бештар гардида, ин таҷриба дар дигар минтақаҳои вилоят, аз ҷумла ноҳияи Шаҳристон низ ба кор андохта мешавад.

Бо ифтитоҳи Фермаи парандапарварии “Мурғи Шаҳристон” имконияти истеҳсоли гушти парҳезӣ бештар ва сокинони ноҳияи Шаҳристон ба ин номгуи маҳсулот дастрасӣ пайдо мекунанд.

Бино ба маълумоти оморӣ, дар давоми 6 моҳи соли 2021 дар вилояти Суғд истеҳсоли гӯшти чорвою парранда бо вазни зинда беш аз 26000 тоннаро дар бар мегирад, аз ҷумла гӯшти паранда 7759 тонна ва тухм 286 млн. дона аст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 122 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 5,1 баробар таъмин гардидааст. Ҳамаи ин натиҷаи дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушди соҳаи паррандапарварӣ ҳамчун як бахши муҳими таъмини амнияти озуқаворист.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26225

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *