Рубрики
Uncategorized

ИШТИРОКЧИЁНИ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВИИ БАХШИДА БА 27- СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ БОСТОНИИ КӮЛОБ

Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таърихи 9 ва 10-уми декабри соли ҷорӣ ҳамоиши ҷумҳурияӣ баргузор гардид.Дар доираи ҳамоиши мазкур истиқболи гарму самимии меҳмонон дар саҳни Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Муассисаи давлатии “Маҷмааи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб”суръат гирифт.Иштирокчиёни ҳамоиши ҷумҳуриявии бахшида ба 27- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, фаъолон ва дигар сокинони шарафманди шаҳри бостонии Кӯлоб истиқбол гирифт.Саравал иштирокчиёни ҳамоиш аз намоиши “Чакан” дидан намуда, ба санъату ҳунари чакандӯзони шаҳри Кӯлоб баҳои баланд доданд.Ҳамчунин дар ин рӯз иштирокчиён аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб дидан намуданд. Меҳмононро Асозода Ҳотам Раҷаб, директори Генералии Муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб” аз таъриху фарҳанги қадимаи шаҳри бостонии Кӯлоб огоҳ намуда, оид ба нигораҳои бостонӣ аз қаламрави шаҳри Кӯлоб дарёфт намуда маълумот дод.Иштирокчиён аз тамошои осорхонаи руҳу илҳоми тоза бардошта ба ташкилкунандагон ва масъулини осорхона изҳори сипосу миннадорӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *