Рубрики
Асосӣ

Иқдоми неки ҳизбиён дар Соли нави мелодӣ

Дар арафаи фарорасии Соли нави мелодӣ Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон гурӯҳи собиқадорони меҳнатро, ки дар пешбурди кишвари азизамон хизматҳои шоиста намудаанд, аёдат намуд. Аз ҷумла, собиқадорон собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва собиқ Раиси вилояти Суғд Ҷӯра Шокировро аёдат намуда ба муносибати фарорасии Соли нав аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода табрик намуда ба онҳо армуғонҳои солинавӣ ҳадя намуд. Оқил Оқилов ва Ҷӯра Шокиров аз ин таваҷҷуҳу самимият ва ғамхории доими ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдори баён намуда, таъкид доштанд, ки шукронаи давлату хукумат ва роҳбари давлатро мекунанд, ки кишвари азизамон дар зарфи 30-сол тинҷу ором ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, обрӯю эътибори Точикистон дар арсаи ҷахони то рафт баланд мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Оқил Ғайбуллоевич Оқилов 2 феврали соли 1944 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1967 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Москваро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ва соли 1980 Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии ҲКИШ-ро хатм намудааст. Фаъолияти кориашро ҳамчун устои идораи сохтмонии № 5 трести бинокории Ленинобод оғоз намуда, солҳои 1969—1976 дар вазифаҳои сармуҳандис, сардори саридораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Ленинобод, сардори идораи сохтмони № 9-и трести хонасозии Ленинободи Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ фаъолият кардааст.Соли 1976 ба Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 1993 ба сифати инструктор, муовин, мудири шӯъбаи Кумитаи Марказӣ адои вазифа намудааст.

Солҳои 1993—1999 ба ҳайси Вазири сохтмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилояти Ленинобод фаъолият дошт. Солҳои 1999—2006 ба сифати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз 1 декабри соли 2006 то 2013 дубора дар мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Ҳоло дар нафақа аст.

Шокиров Ҷӯра Раҳмонович 16-уми майи соли 1940 дар деҳаи Исфисори ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омадааст. Фаъоли кориашро пас аз хатми омӯзишгоҳи ҳунарҳои техникии комбинати қолинҳои шаҳри Қайроқум (ҳоло шаҳри Гулистон) соли 1969 оғоз намудаас. Пас аз хизмати бобарор дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ солҳои 1966-1967 ба ҳайси омӯзгор дар мактаби №16 ноҳияи Хуҷанд (ҳоло н. Б.Ғафуров) адои вазифа намуда, баъдан дар вазифаҳои дастурдеҳ ва пас мудири шуъбаи ташкилию ҳизбии кумитаи ҳизбии шаҳри Гулистон ва вилоят, раиси комиҷроияи шаҳри Қайроқум (1976-1978), ҷонишини раиси кумиҷроияи вилояти Ленинобод (1978-1981), котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Хуҷанд (1981-1985), ҷонишини якуми раиси кумиҷроияи вилояти Ленинобод (1983-1990) фаъолият намуда, дар ободии Ватани азизамон ҳиссаи арзишманд гузоштааст. Хизматҳои Ҷӯра Шокиров бо ордени «Нишони фахрӣ», чор медал ва соли 1991 бо ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *