Рубрики
Last News

Иқдоми хайрхоҳона

       Дар арафаи таҷлили ҷашни 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демкратии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии оилаҳои ниёзманд муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Шарифа Отаҷонова, мудири бахши занон ва ҷавонон Гулбаҳор Раҷабова, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва раиси ҷамоати шаҳраки Адрасмон Сарҳад Баротзода  аз рӯзгори модари фарзандгумкарда Абдуллоева Янгилҷон ва иштирокчии сохти конститутсионӣ Одинаев Ғаниҷон дидан намуданд. Табрикоти Кумиҷроияи шаҳрӣ расонида шуда,  ба оилаҳои онҳо маводи ғизоӣ дастрас  карда шуд. Шахсони аёдаткардашуда ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демкратии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосгузорӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *