Рубрики
Асосӣ Мақола

КИВ ҲХДТ: Таъсирпазирӣ аз конференсияи ҷумҳуриявӣ

АНДЕША: Мардуми бошарафи кишвар таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 30 –юмин солгарди Истиқлолияти давлатии худро бо тантана ва дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ таҷлил гирифт . Тўли ин солҳо Тоҷикистон марҳилаҳои пурпечутоби таърихи навини худро аз сар гузаронид ва ба санҷишҳои зиёде рў ба рў гашт. Тоҷикистон кишваре буд, ки қариб нобуд гардад ва иқтисодиёташ ба буҳрони марговар дучор гардида буд, имрўз ба кишвари аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдёбанда табдил ёфт. Дар замони истиқлолият кишварамон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук, мошинсозӣ, химия, коркарди маъдан ва металлҳо, масолеҳи сохтмон ва саноати хўрокворӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Дар кишвар иншоотҳои бузурги саноатӣ, маданӣ-маишӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, муассисаҳои мактабиву томактабӣ, биноҳои пурарзишу замонавии мактабҳои олӣ сохта шуданд. Сулҳу осоиштагӣ, фазои ороми ҷомеа, рушди босуботи тамоми самтҳои хоҷагии халқ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон аст.

Дар ин радиф бо ибтикору ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузурге ба сомон расонида шуд. Албатта, дастовардҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тўли қариб 30 сол ҳамчун Сардори давлат хеле зиёданд, аммо муҳимтарин дастоварди таърихии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид, он аст, ки вай тавонист дар кўтоҳтарин муддат оташи ҷанги хонумонсўзи дохилиро дар Тоҷикистон хомўш созад.

Дар бораи саҳми Пешвои миллат дар рушди иқтисодӣ, пешрафти зиндагии мардум, густариши сиёсати хориҷии Тоҷикистон, мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, пешбурди соҳаҳои маориф ва фарҳанг садҳо мақолаву китоб иншо намудан ва ё соатҳои тӯлонӣ сухан рондан мумкин аст. Корнамоиҳои Президенти кишварро, ки ҷаҳониён ҳамчун Пешвои сулҳофар эътироф намудаанд, мавриди омӯзиш ва таҳқииқ қарор додан ва ба наслҳои оянда низ омӯзонидан имрӯз вазифаи шаҳрвандии ҳар як зиёии мамлакат ба шумор меравад. Дар ин ҷода бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаҳои 13-16-уми ноябри соли ҷорӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Президент кафили рушди иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” баргузор гардид, ки дар он меҳмонони олиқадр аз Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз КМ ҲХДТ, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI, намояндагон аз вилоятҳои Кӯҳистони Мухтори Бадахшон, Хатлон, фаъолону собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Рӯзи аввал меҳмонони вилояти Суғд аз маконҳои фарҳангию фароғатӣ ва корхонаҳои истеҳсолии Хуҷандшаҳр дидан намуданд. Рӯзи дуюм дар кохи сарнавиштсози миллат – Қасри Арбоб қисмати ааввали конференсияи илмӣ-амалӣ оғоз гардида, дар он маърӯзаҳои пурмуҳтаво аз ҷониби иштирокчиён ба самъи ҳозирин ироа гардид, ки аз суханони маърӯзачиён мурғи дили шунавандагон ба парвоз мебаромаду, дар нуктаҳои ҷолиби баромадҳо кафкӯбиҳои давомдор толорро ба ҷунбиш меовард. Бо намоиши қисми фарҳангӣ ин конференсия боз шукӯҳу шаҳомати хосае пайдо кард, ки солҳо дар ёди ширктварзони он нақш хоҳад баст. Рӯзи сеюм дар ДДҲБСТ бахшҳои конференсия бо иштироки зиёда аз сад нафар олимону муҳаққиқон аз ҳар манотиқи кишвар барпо гардида, наздики 150 мақолаҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мақолаҳо дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактаби давлатдорию сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф гардида буд, дар китоби алоҳидае бо аксҳои конференсия интишор хоҳад гардид. Маърӯзачиёни конференсия ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ бо сипосномаву ифтихорнома ва туҳфаҳои ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.

Ин гуна конференсияҳо дар замони кунунӣ барои дар руҳияи худогоҳии миллию хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавонон айни мудддао буда, дар шинохти шахсияти Пешвои миллат, омӯзиши мактаби давлатдорри ӯ, корнамоиҳои ваҳдатофари Президент, бузургдошти қаҳрамони миллати тоҷик боз як саҳифаи навро боз кард. Воқеан, месазад ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, ки миллати тоҷик абармардоне чун Рӯдакию Сино, Румию Ҷомӣ дошт ва имрӯз вориси сазовори онҳо фарзанди фарзонаю Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дорад.

Гулбаҳор Султонова Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоти КИ ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *