Дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ин ном маҷмӯае, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар шакли китоб омода намудааст, бо ороиш ва сифати хуб ба табъ расид.
Маҷмӯаи мазкур бо пешгуфтори раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода оғоз шуда, аз матни суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҲХДТ , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили 5500- солагии бостоншаҳри Саразм, мусоҳибаҳои муовини аввали раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Зуфар Исмоилзода, собиқ раисони Кумиҷроияи шаҳрӣ, матолиби кормандони Кумитаи иҷроия ва фаъолони ҳизб дар бораи таърихи таъсиси ташкилоти шаҳрии ҳизб, паҳлуҳои гуногуни фаъолияти он дар солҳои истиқлоли кишвар мураттаб шудааст.
Китоби “Истиқлол ва ҳизб” аз панҷ боб иборат буда, дар он ҳамчунин аксҳои зиёде , ки бозгӯкунандаи фаъолияти Кумитаи иҷроия ҳастанд, ҷой дода шудаанд.
Мураттиби маҷмӯа – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент , узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ва муҳаррири он- роҳбари дафтари матбуоти Кумиҷроия, рӯзноманигор Турдибой Солеҳзода кӯшидаанд, ки дар он матолиби хонданӣ ва аксҳои ҷолиб ҷой дода шаванд.