Рубрики
Асосӣ

КИТОБХОНАИ ИЛМӢ СОҲИБИ ДУ ТОЛОРИ НАВ ГАРДИД

Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиби ду толори нав гардид. Ба ин муносибат дар толори китобхона бо иштироки ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ҷамъомад сурат гирифт. Дар маросими кушодашавӣ Раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ иштирок доштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки толорҳои нав таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” ифтитоҳ ёфта, ҳадаф аз ин ибтикор тавсеаи самти хизматрасонии китобхона ва таъмини шароити арзанда барои иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” маҳсуб меёбад.

Ректори донишгоҳ зимни суханронӣ дар бораи зарурияти ин ташаббус сухан намуда, таъкид намуд, ки толорҳои мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, фароҳам овардани имконияти мусоид барои донишомӯзии донишҷӯён ва тайёр намудани мутахассисони ҳирфаӣ ба роҳ монда шудааст.

Гуфта шуд, ки толорҳои нав имкон медиҳанд, ки устодону донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” иштирок мекунанд, дар шароити арзанда ва таъмин бо адабиёти зарурӣ тайёрии пухта дида, нуфузи донишгоҳро дар сатҳи ҷумҳур баланд бардоранд.

Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона аз ташаббуси мазкур хуш истиқбол намуда, ин иқдомро ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги мутолиа дар ҷомеа ва муҳаббат ба китоб судманд унвон намуд.

Раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод ваъда дод, ки ба фонди Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 30 ҳазор сомон китоб ҳадя хоҳад кард.

Ҳамзамон, ба Дилбар Самадова, директори Китобхонаи илмӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ ба хотири фаъолияти арзанда ва дастовардҳои назарраси китобхона туҳфаи рамзӣ супорида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки феълан дар фонди Китобхонаи илмии донишгоҳ 249544 адад китоб мавҷуд буда, аз ин шумора 83548 адабиёти илмӣ, 125082 адабиёти таълимӣ, 8626 адад адабиёти оммавӣ-сиёсӣ ва 32288 ададро адабиёти бадеӣ ташкил медиҳанд. Дар баробари ин 385 рисолаи илмии устодони донишгоҳ ва 1824 фишурдаи рисолаи илмӣ нигаҳдорӣ карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *