Рубрики
Uncategorized

КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом аз фаъолияти нуҳмоҳааш натиҷабардорӣ намуд.

Тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд нимаи дуюми 22.10.2021 дар толори Коллеҷи технологии шахри Конибодом Мачлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо иштироки Узви Мачлиси Миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон – Бурхониддин Чаббори ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир баргузор гардид. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар давраи нуҳ моҳи соли 2021 шунида шуд.Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома оид ба рафти иҷроиши нақшаи обуна ба рӯзҳномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” барои соли 2022 маълумот дода шуд.Дар асоси масъалаи сеюми рӯзнома Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом доир ба муташаккилона ба роҳ мондани маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ баромад намуд.Тибқи масъалаи чорруми рӯзнома рафти иҷрои фармоиши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 12 январи соли 2021 таҳти №1 “Дар бораи баргузории озмуни вилоятии Кумитаи иҷроия,ташкилоти ибтидоӣ ва шӯъбаҳои беҳтарин” баррасӣ карда шуд.Зимни ҷаласа доир ба масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Узви Мачлиси Миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон – Бурхониддин Чаббори баромад намуда, нақши кумитаи ичроияи ХХДТ дар шахри Конибодомро дар пешрафти хоҷагии халқи шаҳр муҳим арзёбӣ намуд. Дар фарҷом ба чанде аз чавонони фаьоли сохахои мухталиф шаходатномаи узви ХХДТ дар вазьияти тантанави супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *