Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОЛМ: Каъбаи нур аст Роғун, нур роғунмазҳаб аст!

Андеша:

Каъбаи нур аст Роғун, нур роғунмазҳаб аст!

Ояти шукронаи тоҷик доим дар лаб аст.

Пешвои мо чи хуш дар ҷодаи нурофарон,

Дар миëни Сарварони даҳр соҳибмактаб аст.

Мардуми шарифи мамлакат таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат баҳри ҳалли мушкилоти энергетикӣ ва рӯшану чароғон намудани хонаву кошонаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ камари ҳиммат баста, дар ин самт, ба дастовардҳои беназир ноил гардид.

    16 ноябри соли 2018  барои мардуми кишвар рӯзи шодиву нишот ва хурсандиву саодатмандӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар ин рӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ,Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархаи аввали НБО-и «Роғун» ба кор андохта шуд.

Ҳамчунин, 9 сентябри соли 2019 чархаи дуюми НБО-и «Роғун» ба кор оғоз намуд, ки ин рӯйдоди хотирмон дар ҳаёти мардуми сарбаланди кишвар буд. Зеро душвортарин муаммои мо дар зарфи сиву як сол ин масъалаи истиқлолияти  энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамаруза бо он машғул мешуданд. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имруза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ  дорад. Бинобар ин нахустин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои  роҳсозию  коммуникатсияро дида, дариҷаи наҷотро низ дар он дарёфта буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони  неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову  пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Агар мо таърихи чандсол қабли сохтмони НБО-и Роғунро ба ёд орем, бароямон рӯшан хоҳад шуд, ки барои бунёди он чӣ қадар монеаҳо вуҷуд дошт. Барои он ки Ҳукумати Тоҷикистон исбот намояд, ки НБО-и Роғун на танҳо барои давлат ва миллати тоҷик, балки барои кишварҳои ҳамсояи мо низ манфиатовар аст, дар арсаи байналмилалӣ бо мухолифони бунёди ин иншооти бузург ба муборизаи дипломатӣ пардохт ва ин мубориза хушбахтона ба манфиати миллати тоҷик анҷом ёфт, ки ин пирӯзии бисёр бузурги  тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ буд. Ин ҳиммати қавӣ, азми устувор ва ҳисси эътимоди давлат ва миллати тоҷик, дар бунёди ин неругоҳи азим, Роғунро ба ормони миллии миллати тоҷик табдил дод.

НБО -и Роғун яке самараҳои Истиқлоли давлатӣ аст ва Истиқлоли давлатӣ яке аз ормонҳои бузургтарини миллати тоҷик, ки баъд аз ҳазор сол ба он даст ёфт.

Воқеан, сохта  ва ба истифода додани чархаҳои якум ва дуюми НБО-и «Роғун» собит намуд, ки миллати тоҷик зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат  ҳама гуна монеаҳоро пушти сар мекунанд. Зеро бо ҷаҳду талоши пайвастаи Пешвои миллат ва заҳмати содиқонаи мардуми Тоҷикистон марҳила ба марҳила, сохтмони ин иншооти аср ба итмом расида, НБО-и «Роғун» барои ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикии кишвар такони нав хоҳад бахшид ва Тоҷикистони азиз ба давлати неруманду пешрафта дар миёни кишварҳои ҷаҳон хоҳад гашт.

Фируза Шерматова

Муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *