Рубрики
Асосӣ Мақола

Конибодом: Хоинони дурӯғгӯ

АНДЕША: Аслан дар зери  калимаи «террорист» мафҳумҳои беватан, безабон, бесаводу беандеша, дурӯғгӯ ва бе дину мазҳаб будани ашхосе ниҳон аст , ки ҷисман инсон асту оянда надорад. Ин гуна шахсро метавон хоини миллат ва душмани давлат номид, ки  дар ҷамъият ягон мавқеъ надораду оқибат танҳо аз носолимии фикрашон пушаймон мегарданду бас.

   Суханони бардурўғи хоинони миллат, ки тариқи шабакаи интернетӣ назарам афтод, дурўғи маҳз буда, ягон асосу ростӣ надорад. Онҳо мехоҳанд, ки бо ваъдаҳои беасосашон танҳо ягон ашхоси гумроҳеро фирефтаи доми худ созанд, душмани халқу Ватан гардонанд. Аммо боварӣ дорам, ки андешаҳои кўтоҳ, ақли носолим ва нияти нопоки ин разилон дили ягон фарди соҳибватанеро ба доми фиреби худ намекашад, зеро онҳо хоинони миллатанд, душманони халқанд  ва хиёнат ба Ватан мекунанд.

   Оё дур аз Ватан зиста, осудагиву оромии миллатро дида, ба ин ҳама дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бо чашми бад назаре кардан равост? Ҳаргиз не! Нобахшиданист..

  Мо – мардуми сарбаланди тоҷик ифтихор аз соҳибистиқлолӣ, ифтихор аз фазои озоду обод, ифтихор аз сулҳу оромии кишвар дорему  дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ шуморида, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳми худро мегузорем.

 Муродова Умеда

Вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд,

директори МТМУ №53-и шаҳри Конибодом 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *