Рубрики
Асосӣ

Конибодом:Конференсияи XXIV-уми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом баргузор гардид

18-уми августи соли 2022 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар асоси банди 4.11. Оинномаи ҲХДТ Конференсияи XXIV-уми  ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом баргузор гардид. 

Дар он Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон,Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Бобоҷонзода Азимҷон Тоир , муовинони Раиси шаҳр, вакилон ва роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ки ба ҳайси вакил аз ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди шаҳри Конибодом интихоб шудаанд, ширкат намуданд. 

Ҳамзамон, дар конференсия раисони шӯроҳои собиқадорони ҳизб, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Конибодом, кормандони масъули сохторҳои ҳизбии шаҳр ҳузур доштанд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ, интихоби котибот ва ҳайати таҳририя конференсия ба кори худ шурӯъ намуд. 

Конференсияи XXIV-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодомро раиси Кумита Бобоҷонзода Азимҷон Тоир ифтитоҳ намуда, масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Конибодом дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар давраи ҳисоботӣ, ҳисоботи намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳрии Конибодом   дар  давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, аъзои Комиссияи тафтишотии ҳизб дар шаҳри Конибодомро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Нахуст, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилотҳои ҳизб дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.

Гуфта шуд, ки давраи ҳисоботӣ барои ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва аъзои он давраи ниҳоят пурмасъулияту хотирмон буд, зеро дар ин марҳила, мардуми шарифи кишвар, махсусан сокинони шаҳри Конибодом дар фазои суботи сартосарӣ, рӯҳияи созандагӣ, саҳмгузорӣ дар пойдории Истиқлоли давлатӣ чорабиниҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҷаллии вакилони халқ ва Ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатиро бо фарҳанги баланди сиёсӣ ва мавқеи устувори шаҳрвандӣ таҷлил намуданд.

Аз рӯзҳои нахустини бақайдгирии бемории сироятии COVID-19 дар кишвар, махсусан дар шаҳри Конибодом  сохторҳои ҳизбии шаҳр дар ҳамбастагӣ бо ҷонибдорону фаъолони ҳизб, сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ ва шахсони саховатманду эҳсонкор суҳбату вохӯрӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, иттилоотӣ, таблиғотиву ташвиқотӣ ва хайриявиро бо сокинони шаҳр доир намуда, 160 аксияву ҳамоиш ва як қатор тадбири муҳими дигарро ба анҷом расонданд.

Дар музокира Раиси шаҳри Конибодом Тухтасунзода Абдусалом, вакилону фаъолони шаҳр ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” мулоҳизаҳои худро баён карданд.

Дар идома Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон  атрофи фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар давраи ҳисоботӣ, корҳои дохилиҳизбӣ, риояи ҳатмии Оиннома ва татбиқи Барномаи ҳизб, супоридани саривақтии ҳаққи узвият, қабули шахсони арзанда ба сафи ҳизб, ҷоннок намудани корҳо дар сатҳи маҳаллаҳо бо қишрҳои осебпазири ҷомеа, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта, ҷалби аъзои нав ба сафи ҳизб, таъсиси ташкилотҳои нави ибтидоӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ суханронӣ намуда, дар маҷмӯъ, фаъолияти ҳизбро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ кард.

Ҳамзамон, Исмоилзода З.М  аз масъулин ва ҳизбиёни шаҳр тақозо кард, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро ҷоннок намуда, баҳри саҳм гузоштан дар ин ҷашни муборак тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамин тариқ, аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда дар Конференсияи XXIV-уми  ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом  қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Пас аз анҷоми конференсия бо иштироки вакилони Конференсия маҷлиси нахустини ҳайати нави Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб баргузор шуда,   раёсати Кумитаи иҷроия тасдиқ  гардида, Бобоҷонзода Азимҷон Тоир аз нав дар мувофиқа бо роҳбарияти олии ҲХДТ ба вазифаи  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом интихоб  гардид.

   Дар анҷоми Конференсия ба  як гурӯҳ фаъолони ҳизб медали ҷашнӣ, сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҳизб ва ба  аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаҳои узвият ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *