Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ:МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ–ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ МАРКАЗИ ТАШХИСИ МИНТАҚАВИИ “ТОҶИКСТАНДАРТ”

Санаи 17-уми июн тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ дар ташкилоти иибтидоии Маркази ташхиси минтақавии “Тоҷикстандарт” баргузор гардид.

Дар Маҷлиси ҳисоботӣ зимни масъалаи якуми рӯзнома котиби ташкилоти ибтидоӣ Шарипов Рауф доир ба фаъолияти дуюнимсолаи ҳизбиён ҳисобот дод. Дар маърӯза фаъолияти серҷабҳаи ҳизбӣ ҳаматарафа таҳлил гардиданд. Фаъолияти дуюнимсолаи ташкилоти ибтидоӣ аз ҷониби иштирокдорон қаноатманд арзёбӣ карда шуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома Шарифзода Мирзо дубора Раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.

Дар фарҷом мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Қобилов Аббос ба сухан баромада, доир ба сиёсати созандаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, суханронӣ намуд ва иштирокдоронро бо фарорасии 24-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *