Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: АКСИЯ: “РОҲНАМОИ МО -ПАЁМИ ПЕШВО”

    
     Санаи 9-уми феврали соли 2024 дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти №11 аз санаи 07.02.2024 бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Роҳнамои мо- Паёми Пешво” роҳандозӣ гардид.Ҳадафи асосии аксияи мазкур тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар рафти аксия ба сокинон варақаҳои тарғиботӣ аз тарафи аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом тақсим карда шуд.
     Воқеан Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як падидаи тозаи замони истиқлол буда, санади сарнавиштсоз, раҳнамо ва қутбнамои  ҷомеа мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, нақшаву барномаҳои рушди устувори минбаъдаи онро дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат фаро мегирад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *