Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: АНДЕША: ПАРЧАМ РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МО!

  24-уми ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби рамзи давлатдории мустақил ва соҳибистиқлолӣ – Парчами давлатӣ гардид. Соли 2009 бо ташаббуси Президенти мамлакат ин санаи муборак 24-уми ноябр “Рӯзи Парчам”-и давлатӣ эълон шуда, мардуми мо ҳамасола ин рӯзи муборакро дар саросари кишвар ҷашн мегиранд. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи Тоҷикистони Соҳибистиқлол мебошад.

   Воқеан ҳам Парчам ҳанўз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукўҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрўз боқӣ мондаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати бисёр қадима дорад. Аҷдоди мо ҳанўз аз замони Каёниён соҳиби дирафше будаанд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард.

  Баъди ҳазор соли бедавлатӣ ҳамчун натиҷаи азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи тоҷик ба даст омадани соҳибистиқлолӣ дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок ва дар айни замон хеле пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгў ба манфиатҳои халқи кишвар ва ба вуҷуд овардани аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт.

   Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сўи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвари тозаистиқлоли тоҷикон, инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон-Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд, ки имрўз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем.  Зеро он айём барои мо аввалин рўзҳои эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳалаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон  буданд.

   Ҳамин тариқ парчами миллии тоҷикон ифодагари мустақилияти давлати буда, чун рамзи  барқарорсозии давлати миллӣ барафрохта шуда аст. Таҷрибаи давлатдории мардуми тоҷик дар парчами миллӣ иникос гашта он аз мавҷудити давлати миллии тоҷикон дарак медиҳад. Давлатдори ба рамзҳои давлати вобастаги дошта онҳо чун рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ дар Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар қаламрави Ҷумҳури дар модаи 3 дарҷ гардида ҳифз мешаванд.

Бо дидани Парчами Тоҷикистон ба дил шодиву сурур меояд ва арҷ гузоштан ба  ин муққадасоти миллат дар вуҷудамон афзун мегардад. Зеро:

Парчами Тоҷикистон, чун бахт ёвари мост,

Хуршедсон ҳамеша, тобанда бар сари мост.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *