Рубрики
Uncategorized

Конибодом: Андеша: Қӯшунҳои Миллӣ – ҳимоятгари Ватан!

Ватан, ман сарҳадатро посбонам, Сафобахшандаи бахти ҷавонам. Дар дунё ҳама одамон Ватан доранд. Ватан хонаи умеди ҳар сохибватан мебошад. Сарзамини, ки ҳар қатраи оби софу ҳар кафи хокаш, сабзаву дарахтони сарсабзу ҳар санги кӯҳсораш азизу муқаддас аст. Маконест, ки манзили ободу меҳрпарвар, ки кас дар оғӯши гарми ба камол мерасанд, аз чашмаҳои зулолаш менӯшанд ва дар фазои паҳновараш чун парандаҳои баландпарвоз озодона пару бол мезанад. Ватан меҳрат ба дил азбаски ҷо шуд, Дилам аз хуррамӣ чун ғунча во шуд. Замоне,ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд. Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатбарорро ба сар мебурд.Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси ҳисороти зиёди машву ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.Агар ба таърихи таъсиси Артиши миллии Ҷумхурии Точикистон баҳои воқеӣ диҳем барои ҳар як инсони комил маълум мешавад, ки артиш душвортарин лаҳзаҳоро пушти сар намудааст. Нарасидани либос, чойи хоб, воситаҳои техникӣ, аслиҳа ва дигар лавозимоти ҳарбӣ ҳар лаҳза эҳсос мегардид, вале афсарону сарбозони матин руҳафтода нашуда ба ояндаи давлати худ бо некӣ назар намуда, қарзи фарзандии худро назди давлату миллат адо менамуданд. Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ-дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳасоси таърихӣ, яъне дар шароите таъсис дода шуд, ки бақои мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз он рӯзҳои вазнин сар карда, дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони ва ҳифзи сарҳади давлати хизмати фидокоронаро анҷом доданд ва дар айни замон аз имтиҳони зидди ҳаёт гузаштанд. Дар ин раванд хизматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳ борҳои бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандӯстони асил буданашонро собит намуданд. Артиши миллӣ бо вуҷуди мушкилоти зиёде ба як нерӯи тавонои ҳарбӣ табдил ёфт. Ҳукумати мамлакат аз ибтидо бо мақсади ҳарчи худтар ба эътидод овардани вазъияти кишвар ва ташкили воҳидҳои зарурии низомӣ аз ҷумла қӯшунҳои хушкигард, зудамал, дохилӣ, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, гвардияи миллӣ, кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва таъминоти онҳо бо иншоот, техника ва лавозимоти ҳарбӣ, инчунин тарбияи кадрҳои соҳибихтисос кӯшиш карда, сарфи назар аз душвориву мушкилоти зиёд ҳалли ин масъаларо тадриҷан таъмин намуд. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати иардонагист. Ҳар як ҷавонмарди бо нангу номус бояд муҳофизати Ватан-Модарро қарзи муқаддаси фарзанди хеш дониста, ҳеҷ гоҳ аз ин шарафи бузург худро канора нагирад. Зеро, оромиву амният, осоиштагиву арзишҳои миллӣ маҳз аз ҷасорату матонат, иродаи қавии ҷавонмардони ватандӯсти диёр, аз эҳсоси баланди худшиносӣ ва меҳанпарастии ҷавонон вобастагии калон дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифодаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки артиши миллиамон ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ нуфузу мавқеи хосса касб намудааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд дарк намоянд, ки артиш қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро доранд ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта ба сар барад. Эй Ватан, эй кишвари озодаам. Ман зи модар баҳри ҳифзат зодаам. То ки бошам ҳамдаму ҳамрози ту, Гаштаам Модар-Ватан сарбози ту. Мо ҷавонон, ки ояндагони диёри биҳишосоем, талош бар он меварзем, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат кунем. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори бузург аст. Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *