Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Аёдати волидони сарбозон

Сарбозон имрӯз сипари боэътимоди давлат буда, сарбаландона ин марзу буми аҷдодиро нигаҳбонӣ мекунанд.

Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба таври ихтиерӣ,афзудани меҳри Ватан дар қалби онҳо ва барои ибрози сипос ба волидайни сарбозон муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мансурӣ Замирахон ,муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируза Шерматова бо ҷалби вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳр волидонеро,ки ду ё се фарзандашон адои хизмати ҳарбӣ намудаанду ва алҳол дар қисмҳои низомии кишварамон сарбоз ҳастанд, аёдат намуданд.

Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мансурӣ Замирахон зимни мулоқот бо волидайни сарбозон арзи сипоси раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохонро ва барои тарбияи фарзандони шуҷои Ватан ва меҳандуст расонид.

Воқеан имруз чунин ҷавонмардони ватандуст марзи Тоҷикистони моро посбонӣ мекунанд ва намунаи ибрати ҳамсолонанд.

Волидайни сарбозон дар ҳаққи роҳбарияти Олии кишвар, сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуои нек намуда,барои чунин фазои орому осуда ,сулҳу амният ва ваҳдати ҳамдигарӣ шукргузорӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *