Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Конференсияи XXIII-уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Конференсияро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҳайати раёсати кори Конференсия иборат аз 3 нафар :
Бобоҷонзода Азимҷон Тоир – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Ёдгорӣ Фирдавс – муовини якуми раиси шаҳр, Ғафурзода Заррина – муовини раиси шаҳр шинос намуд.
Рӯзномаи конференсия аз як масъала:
1. Пешниҳоди номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Ҷавонон №17» бар ивази вакили хориҷшуда иборат буд.
Сипас аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома:
Шерматова Фирӯза муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом аз номи гурӯҳи корӣ ба музокира баромада, барои пешбарии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Ҷавонон №17» аз шаҳри Конибодом бар ивази вакили хориҷшуда номзадии Абдуллоева Марҳабо Маъруфҷоновна – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳрро пешниҳод намуд.
Дар асоси таклифи Шерматова Фирӯза Конференсия доир ба масъалаи мазкур қарор кард.
Сипас, масъулин Конференсияи XXIII -уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодомро яке аз воқеаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ шумориданд ва нақши онро барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор намудани интихоботи ғайринавбатӣ муҳим арзёбӣ намуданд.