Тибқи қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 9уми апрели соли 2022 таҳти рақами 4 ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 24уми апрели соли 2022 таҳти рақами 36 дар бораи маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ санаи 8.06.2022 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҳаллаи Бобокалонов (Коллеҷи омӯзгорӣ) маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А.Т доир гардид. Аз руйи масъалаи якуми ҷаласа аз тарафи раиси ташкилот Раҳмонзода Гулҷеҳра ҳисоботи яксолаи ташкилот ба саҳми ҳозирин расонида шуд. Дар музокира ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Сипас раиси ташкилот ва котиби он аз нав интихоб карда шуданд.
Дар рафти ҷаласа собиқадори фаъоли ҲХДТ Раъно Ҷураева ва омузгори фаъоли Коллеҷи омӯзгорӣ Зарифа Содиқова баромад намуда, қайд карданд, ки ҲХДТ барои рушди нерӯи инсонӣ, тарбияи шахсияти худогоҳу ватандуст ва босадоқат дар сафи ҳизб аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бурда, дар таҳкими рушду неруи ҷомеа тавассути аъзоёни худ саҳм мегузоранд.
Аз руйи масъалаи сеюм шахси масъули ҳизб Ҳайдарова Мадина баромад намуда, номзадии Раҳмонзода Гулҷеҳра-раиси ташкилоти ибтидоиро ҳамчун вакил ба Конфренсияи 24уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом арзанда ҳисобид. Қарорҳои дахлдор оид ба масъалаҳои баррасишуда қабул карда шуд.
Дар фарҷом раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои сиёсии ҳизбӣ: баланд бардоштани масъулияти аъзоёни ҳизб, содиқ будан ба Ватану миллат, нақши ҲХДТ дар идораи сиёсии давлат, саодат ба миллат ва вусъат бахшидан ба тарғиби идеологияи миллӣ дар ҷомеа андешаронӣ намуданд. Ҳамчунин, ба якчанд нафар аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҳаллаи Бобокалонов Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом тақдим карда шуд.
Рубрики