Мувофиқи Қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ аз 9.04.2022 таҳти рақами 4 ва ҷиҳати иҷрои барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 24уми апрели соли 2022 таҳти рақами 36 дар бораи маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронидани маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида санаи 7.06.2022 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба номи “Маърифат” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А.Т ширкат варзиданд. Дар ҷаласа се масъала зимни баррасӣ қарор гирифт:
1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022
2.Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ
3.Интихоби вакил ба Конфренсияи XXIV-уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом.
Оид ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Сипас раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З.М баромад намуда, оид ба вазъи геопалитикӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ақидарониҳо намуда, барои пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани нуфузи ҲХДТ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва беҳтар намудани фаъолият пешниҳоду дастурҳои методӣ доданд.
Дар фарҷом якчанд нафар аъзоёни фаъоли ҲХДТ бо Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом сарфароз гардиданд.