Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ : БАРРАСИИ ПАЁМ ДАР БАЙНИ СОКИНОН

Дар ҳошияи роҳандозии мулоқоту вохуриҳо бобати баррасии Паёми тозаироаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 13уми январ мулоқоти тарғиботии масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо сокинони кучаи Айнӣ дар ҳамкорӣ бо бахши Фарҳанги шаҳр дар хонаи фарҳанги №4 ташкил ва гузаронида шуд.

Мулоқотро корманди бахши фарҳанг Эргашев Н ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба сокинон муаррифӣ намуд.

Сипас, масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бобати чанд нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки Паём натанҳо марбут ба як соҳа, ташкилот муассиса ва ё ашхос аст, балки роҳнамоест, ки роҳҳои расидан ба зиндагии шоистаи мардумро муайян месозад. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки дар асоси он нақшаҳои идоравӣ, оилавӣ ва шахсии минбаъдаамонро таҳррезӣ намуда, кору фаъолият намоем. Ҳамчунин, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар тарбияи насли ояндасози миллат масъулияти бештарро дарк намуда, ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар ниҳоди ҷавонон боз ҳам амиқтар такмил дода шавад.

Лозим ба қайд аст, ки бино ба якбора сард шудани ҳаво то -10 -16 дараҷа аз тарафи масъулони кумиҷроияи шаҳрӣ бобати захираи маводи сӯхт ва озуқа, эҳтиёт намудани худ ва наздикон барои сокинони маҳалла маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *