Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: БАРРАСИИ ПАЁМ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

  Ҷиҳати иҷрои нақша-чорабиниҳои кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом оид ба баррасии муҳтавои Паёми Пешвои миллат, ки 23.12.2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, масъулини кумиҷроияи шаҳрӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва байни сокинони маҳаллаю деҳаҳо мизҳои мудаввар, мулоқоту вохуриҳоро роҳандозӣ намуда истодаанд.

  Дар самти мазкур мизи давр оид ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” санаи 12уми январи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҳаллаи “Бобокалонов” воқеъ дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаҳо аз КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва  Шуъбаи вазорати корҳои дохилии шаҳр, сармутахассиси бахши  кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, омузгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ ширкат варзиданд.

  Сараваал, чорабиниро муовини директори Коллеҷи омӯзгорӣ оид ба таълим  Мамадов Фаррух ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

 Сипас аз тарафи омузгорони фаъоли муассиса маърузаҳо дар самти мазкур ироа гардид. Ҳамчунин,  дар рафти мизи мудаввар донишҷуёни коллеҷ бо забонҳои русӣ ва хориҷӣ (англисӣ) баромадҳо намуданд.

  Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Гулнора Урунова бобати якчанд нуқтаҳои Паёми Ҷаноби олӣ андешаронӣ намуда, ҷавононро ба ватандӯстиву ватандорӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, рӯ овардан ба китобхониву забономузӣ даъват намуд.

  Омузгори забон ва адабиёти тоҷик дар Коллеҷи омузгорӣ Ваҳобова Дилфуза чорабиниро бо суханони шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлолу соҳибваҳдат, аз Пешвои хирадманду ояндабин ва арзишҳои дигари фарҳангию таърихӣ  ҷамъбаст намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *