Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: БОНУВОНИ ШУҶОИ ВАТАН

     Дар доираи чорабиниҳои идона ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супоришҳои Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дар рӯҳияи ватандустию меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани ҷавонон аз ҷониби шӯъбаи  кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Мактаби муттаҳидаи техникӣ дар Коллеҷи омӯзгории шаҳр озмуни тирандозии “Бонувони шуҷои Ватан” гузаронида шуд. Дар озмун 25 нафар духтарону бонувони тирандоз иштирок карда, барои тирандозӣ ба масофаи муайян ва ба ҳадаф расонидани он байни ҳам рақобат карданд.
      Дар маҳфил муовини Раиси шаҳри Конибодом Зарринахон Ғафурзода, иштирок ва суханронӣ намуда, ҳозиринро аз номи Раиси шаҳр бо 30-солагии Рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфт ва ба иштирокчиён барор хост.
       Ҳамчунин, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оила, намояндагон аз комиссариати ҳарбӣ, мактаби муттаҳидаи техникӣ ва ШВКД  дар озмун иштирок карда, доштани маҳорати ҳарбиро барои ҷавондухтарон низ лозимӣ арзёбӣ намуданд. Зеро дар рушд ва пешбурди фаъолияти низомии мамлакати соҳибистиқлоламон саҳми ҳарбӣ – бонувон низ кам нест.
       Дар анҷоми озмун ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол сипосномаҳои Раиси шаҳр ва Диплом супорида шуд.Ҳамчунин ғолибон дар даври вилоятии озмун ширкат намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *