Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Бо қудуми Пешво бар Канди мо нур борида …

(Таассурот аз сафари тозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ,Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демокраии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Конибодом ва ҳузури муборакашон дар ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом)

Салом! Эй Пешво, марди Худодод,

Бикардӣ аз сари нав кишвар обод.

Ҳама аҳсан, ҳама хонем таҳсин

Ба он фарзонамодар, ки туро зод.

     Санаи 11-уми августи соли 2022 дар  таърихи  шаҳри Конибодом боз як саҳифаи навро боз намуд. Зеро бо қудуми Меҳмони олиқадр, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Конибодом нур бирехт , нури Раҳмонӣ. Ин нур дилҳои мардуми меҳнатқарини Канди бостонро ба зиндагӣ боз ҳам гармтар ва муҳаббату меҳрубониҳоро дар қалбашон дучанд афзунтар гардонид.

     Имрузҳо халқи шарафманди тоҷик бо руҳияи болидаву шукрона дар фазои ҳамдиливу ваҳдати комил бо пуштибонӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии кишвар – 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии тақдирсоз ва  35-солагии Истиқлоли давлатӣ  саъю талош меварзанд.

     Боиси қаноатмандист, ки бо мақсади истиқболи арзандаву шоистаи ин санаҳои бузурги таърихӣ кулли сокинони кишвар аз ҷумла мардуми соҳибназари Канди бостон тавассути ташаббускориҳо, кӯшишҳои босамару сарҷамъона ва  меҳнати ҳалолу босуботи хеш дар рушду ободии кишвари азизамон  саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

    Дар радифи ин ҳама ташаббусу созандагиҳо қомат афрохтани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва аз ҷониби Пешвои сулҳофари тоҷик мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он  боз як рӯйдоди муҳим, таърихӣ ва фараҳбахш буда, барои мо ҳизбиён , аз ҷумла барои занону бонувон як омили муҳим ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлат дар самти баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва фаъолгардонии мавқеи бонувон дар рушду инкишофи  Ватани тозаистиқлоламон нақши арзишманд хоҳад гузошт.

     Ин ташрифи мубораку суханрониҳои самимии Раиси муаззами ҳизб моро водор месозад, ки минбаъд низ дар иҷрои фаъолияти пурмасъули хеш, тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ ва дар амал татбиқ намудани дастурҳои Оиннома  ва Барномаи ҲХДТ амал намуда, баҳри ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон софдилонаву содиқона хизмат намоем.

Шерматова Фируза

муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *