Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ АСОСИИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ҶОМЕА

Санаи 17-уми июни соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ хониши сиёсӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – пояи асосии сулҳу субот дар ҷомеа” дар нозироти андози шаҳр бо иштироки Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Бобоҷонзода Азимҷон Тоир баргузор гардид. Чорабиниро сардори нозироти андози шаҳр – Ализода Лутфулло Изат кушода ҳадафи баргузории онро шарҳ дод. Баъдан, зимни суханронии худ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир иштирокдоронро ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллат – Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, доир ба талошҳои пайваста ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ваҳдати комил ва суботи ҳамешагии ҷомеа ибрози назар намуда, дар ин радиф ин шахси фарзонаи миллатро меъмори асосии сулҳу ваҳдат ва эъмори давлатдории навини тоҷикон номид. Дар идомаи сухани худ Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб қайд намуд, ки дар таърихи навлатдории навини миллати мо Ваҳдати миллӣ аз бузургтарин ва нодиртарин дастовард маҳсуб меёбад, ки имрӯза ҳама пешрафту музаффарриятҳои хоҷагии халқи кишвар ва рушди некӯаҳволии мардум бешубҳа аз ин рӯйдоди муҳими таърихӣ сарчашма мегирад…

Ҳамзамон, зимни суханронии худ Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба нақши кормандони соҳаи мақомоти андоз дар таъмини саривақтии буҷаи давлатӣ ибрози назар намуда, саҳми кормандони соҳаро дар рушду нумуи хоҷагии халқи кишвар арзишманд арзёбӣ намуд.

Дар фарҷом, ба сардори нозироти андози шаҳр – Ализода Лутфулло Изат шаҳодатномаи ҳизбӣ  супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *