Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Ваҳдати мо поянда аст!

   Сулҳу ваҳдат ва терроризму экстремизм ду мафҳуми ба ҳам зид аст, ки яке созандаву дигаре сӯзанда. Сулҳ таҷассумгари оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва осоиштагӣ бошад, ваҳдат ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, таҳаммулпазиру поктинату миллатдӯст будан аст. Он беҳтарин неъмат барои ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди мамлакат, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.

     Терроризм бадтарин зуҳурот дар ҷомеа буда, хушунат, нобоварию бадбиниро миёни кишварҳо ва гуруҳҳои иҷтимоию миллӣ тавлид менамояд, ки барои бартарафсозии оқибатҳои он баъзан ҳаёту зиндагии як насл камӣ мекунад. Ба он баъзан либоси сиёсӣ мепушонанд, натиҷаҳои сиёсатбозиҳои бемаънӣ аст, ки гуруҳҳои ҷудогона ҳуқуқ ва қонуниятҳои давлатро зери шубҳа гузошта, барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аз зуроварӣ истифода кардани мешаванд. Гуруҳҳои мухталифи ҷиноятпеша барои фароҳам сохтани шароити барои худашон муътадил, ҷиҳати фаъолияти ғаразнок нисбати ҳарифон ва сохторҳои давлатӣ амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд, ки зидди рушд ва пешравии башарият аст.

   Танҳо дар фазои ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд “Момеваи ширини дарахти сабзонидаамон-Ваҳдатро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад.”

   Ҳақиқатан ҳам ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро давлате, ки дар он сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, пеш меравад. Танҳо ваҳдат аст, ки истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонад.

Нилуфар Ҳоҷиева

мудири китобхонаи коллеҷи омӯзгории шаҳр,

узви фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *