Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар асоси нақшаи муштараки Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мулоқоти судманд баргузор гардид. Дар мулоқот директори маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим, муовини раиси шаҳри Конибодом Ғафурзода Зарринахон , масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, занону ҷавонон иштирок намуданд. Нахуст директори маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим баромади пурмуҳтаво намуда, зикр намуд, ки бар ҳар инсоне, ки рушд меёбад ҳам неъмати моддӣ лозим аст ва ҳам неъмати маънавӣ. З-ин ру бояд маънавиёти ҷавононро ғанӣ, бой ва тоза гардонем, то зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд. Ҳамчунин бобати таъсири таълимоти динӣ, пайравӣ ба фарҳанги бегона, саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ сухан рафт. Муовини раиси шаҳр Ғафурзода Зарринахон низ баргузории чунин мулоқотро саривақтӣ шуморида, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ватандусту меҳанпараст бошанд. Намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом низ ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ дар ин самт ҳарф зада, ҷоннок намудани мулоқотҳои тарғиботии хона ба хонаро муҳим арзёбӣ намуд. Дар фарҷом ҷавонон перомуни мавзӯъ андешаҳояшонро баён доштанд.
Рубрики