Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ДӮСТ ГИРАД ДАСТИ ДӮСТ…

Бо мақсади амалӣ намудани корҳои хайру савоб мустаҳкамии дустӣ як гуруҳ вакилон, саховатмандон, аъзоёни фаъоли ҳизб санаи 1уми октябр ба мардуми осебдидаи маҳаллаи Сомониёни  деҳаи Чоркуҳи шаҳри Исфара ташриф оварданд.

Зимни аёдати сокинони осебдида аз номи раёсати ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова бо иқдоми раиси ҷавон Солизода Шарифҷон барои 500 нафар устоҳо ва нафароне,ки дар сохтмони хонаҳои истиқоматии зарардидагон саҳмгузор ҳастанд оши палав пухта ,тақсим карда шуд.

Ин иқдоми некро сокинони деҳаҳои зарардида саривақтӣ шуморида, бо шукгузорӣ аз оромиву субот изҳори сипос намуданд.

   Маврид ба зикр аст,ки дар ҳамаи ҷойҳои осебдида бо ташаббуси бевоситаи роҳбари ғамхори миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишварамон корҳои сохтмонӣ бовусъат идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *