Рубрики
Асосӣ

Конибодом: ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

     Дар идомаи маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳри Конибодом субҳи 17уми июни соли равон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар “Деҳаи Қӯруқ(м.т.м.у№23)” аз 21уми июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 аз фаъолияти худ натиҷабардорӣ намуд. Мувофиқи масъалаҳои рузномаи маҷлис раиси ташкилоти номбурда баромад намуда, зимни суханронии худ зикр намуданд, ки ҳар як аъзои ҳизб дар корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ бо нишондиҳандаҳои хубӣ меҳнатӣ бахшида ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм хоҳанд гузошт, ҳамчунин ташкилоти ибтидоӣ ва шахсони масъул минбаъд ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифат ва шумораи аъзои ҳизб, беҳтар гардонидани фаъолият ва интизоми аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ аҳамияти хоса медиҳанд.

   Сипас,  бо ҷонибдорӣ ва дастгирии аъзоён раиси ташкилот ва котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.

         Оид ба масъалаи сеюм аъзои фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии зерин Қаландаров баромад намуда , номзадии Ҳамробоева Гулчеҳраро барои иштирок ба Конфренсияи 24уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом пешниҳод намуд. Пешниҳоди зерин аз ҷониби иштирокчиён дастгирӣ карда шуд. Аз руйи се масъала маҷлис қарорҳои дахлдор қабул намуд.

          Дар фарҷом намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом оид ба ҷоннок намудани фаъолияти ҳар як аъзо, саҳми арзанда гузоштан баҳри татбиқи дастуру супоришҳои давлату ҳукумат ва гузаронидани чорабиниҳои оммавию ҳизбӣ, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо кумиҷроияи шаҳрӣ андешарониҳо намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *