Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ИДОМАИ МУЛОҚОТҲОИ СУДМАНД

Идомаи мулоқотҳои судманд тибқи нақша бо ибтикори гуруҳи кории тарғиботӣ дар ҳайати муовини раиси Шурои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурматзода Замира Ӯктам, раиси Шӯрои собиқадорони МИҲД-и шаҳри Конибодом Наимҷон Ғаниев, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируза Шерматова дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пулотон бо сокинон дар мавзуи масъалаҳои мубрами рӯз баргузор карда шуд.

Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин, раиси ҷамоати деҳоти номбурда ширкат варзиданд. Иштирокдорон бобати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз, самаранок истифодабарии барқ ва замин андешарониҳо намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки шукргузори ин меҳани обод ва кишвари тинҷу осудаамон бошанд ва дар ботини фарзандони хеш ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллиро талқин намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *