Рубрики
Асосӣ

Конибодом: “Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ” фаъолияти яксолаашро натиҷабардорӣ намуд

 Дар ҷаласаи ҳисоботӣ -интихоботӣ  санаи 21.06.2022 дар ташкилоти ибтидоии  ” Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ” -и шаҳри Конибодом  раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир иштирок намуд.

Нахуст тибқи рузномаи ҷаласа ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ  Шокирӣ Асрориддин ба самъи ҳозирин расонида шуда, бобати он музокирачиен зимни баромади хеш фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар  ташкилоти ибтидоии ” Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ” -ро қаноатбахш арзёбӣ намуда, зикр доштанд,ки тараққиёту пешрафти иқтисодии кишварро маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ эҳсос намуданд.

Сипас,аз  руйи масъалаи дуюми рузномаи ҷаласа раис ва котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.

Ҳамчунин се нафар аз ташкилоти ибтидоии мазкур ба ҳайси вакилӣ ба Конференсияи 26- уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом пешниҳод гардида,аз ҷониби масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ баъди қабули қарори дахлдор ба руйихат дароварда шуданд.

Раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ  зимни баромади хеш қайд намуд,ки саҳми ташкилоти ибтидоии мазкур  ва  90-нафар аъзоёни он дар пешрафти ҷомеа назаррас арзёбӣ гардида, ҳар як аъзои ташкилоти мазкурро зарур аст ,ки бо эҳсоси баланди ватандорӣ  минбаъд низ фаъолияти босамар дошта бошанд ва дар самти амалӣ намудани баномаҳои созандаи ҲХДТ саҳми арзанда гузоранд.

Дар фарҷоми ҷаласа 10-нафар кормандони ҷавони ташкилот ба сафи узви ҲХДТ пазируфта шуда , ҳамчунин ба  чанде аз аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ” Сипосномаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *