Тоҷикистони азизи мо 31сол муқаддам соҳиби истиқлолияти миллӣ гардид, ки ин яке аз дастовардҳои бузурги мо-тоҷикон мебошад. Истиқлоли давлатӣ шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллат аст. Истиқлолро соҳиб шудан ҳанӯз як ҷанбаи масъала, онро ҳамчун арзиши муқаддастарини ҳастӣ ва зиндагӣ дарк намудан асоси саодатмандии мардуми шарафманди тоҷик ва тоҷикистонӣ аст. Ҳифзи Истиқлоли миллӣ ин ҳифзи асолат, ҳувият, забон, расму оин, садоқату вафодорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва риояи одобу ахлоқи миллӣ аст. Танҳо инсонҳои соҳибмаърифат, огоҳу худшинос ва дорои ахлоқи ҳамидаву маънавиёти баланд метавонанд ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангиву ахлоқии миллатро ҳифз намоянд ва ба ин васила ҷойгоҳи сазовори онро дар арсаи ҷаҳонӣ муайян намоянд.
Имрӯз мебояд асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон ба хусус ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ташкил диҳад. Арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ боло бошад ва пойдевори тарбияи ватандӯстии ҷавононро фаро гирад. Ҷавонон бояд муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳои ояндаи кишвар бошанд.
Истиқлолияти миллӣ-ин неъмати бузург мебошад, ки бо худ нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Зеро ба шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ- Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Аз ин ру мо – ҷавонони баору номуси Ватанро мебояд ба қадри ин
волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати сарбаланди тоҷик бирасем, арзишҳои онро ҳифозат кунем ва ҳамсафонро ҳамешагӣ даъват ба худшиносии миллӣ ,худогоҳӣ ва хештаншиносӣ намоем. Ва бад – ин васила мо ҷавонон метавонем, ки пайрави асили Пешвои миллат бошем !
Комилов Ҳусниддин
котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи “Фирӯзоба”-и шаҳри Конибодом, узви фаъоли ҲХДТ