Шукр, ки кишвари азизи мо 31 сол муқаддам, яъне 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатиро ба даст овард. Ин мустақилият рамзи олии Ватану ватандорӣ маҳсуб ёфта, дар таҳкими давлатдорию пойдории он, бақои миллат ва бахту саодати ин мардуми озодакишвар мусоидат намуд. Истиқлолият ба Тоҷикистон имконияте дод, ки ин кишвар битавонад бо роҳи худ мустақилона пеш равад. Тӯли 31 сол мардум ҳамасола ин ҷашни бошукуҳи таърихии кишварро бо дастодвардҳои назаррас – ободкорӣ, бунёди кӯдакистону дабистону коргоҳу марказҳои хидматрасонӣ, қалби саршор аз фараҳу шодмонӣ истиқбол мегиранд. Тӯли беш аз се даҳсолаи ба даст овардани Истиқлолият аз ҷониби мардуми ободгараш таҳти сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони садҳо иншооти истеҳсолӣ, маданию маишӣ ва фарҳангӣ дар гӯшаҳои гуногуни кишвар вусъати тоза гирифт.
Аммо чанд хиёнатпешаву зархаридон ба мисоли Кабириву ҳаммаслаконаш аз шукуфоии ин Ватани азиз ба ғазаб мепечанд ва бешармонаву рӯирост ба туҳмату дурӯғпардозӣ даст мезананд. Бадхоҳони миллат “чашми бино” надорад, ки ин пешрафти бесобиқаи Тоҷикистонро бинанд.
Ин тоифа танхо суханеро мегӯянд, ки хочагонашон меомӯзонанд, ба роҳе қадам мезананд, ки бозгашт надорад.
Як ҳадаф доранд, иғвобарангезӣ, мардумфиребӣ… То ба оромии ин кишвари обод халал ворид намоянд. Бо суханони беасосу бедалел ваъдахои бардурӯғ дода, байни мардуми осоишта, тухми кинаву адоват ва бадбинӣ кишт намояд.
Тавре сухан мегӯянд, ки гӯё ғамхору дилсӯзи халқанд, аммо, ку далел? Кадом мавзеи обод дастранҷи ин беватанон аст?
Амали эшон чун рӯз равшан аст, мансабталошӣ, мардумфиребӣ, иғвобарангезию туҳмату хиёнат.
Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Хушбахтона имрӯзҳо халқи сарбаланди тоҷик соҳиби истиқлоли хеш аст ва дар арафаи ҷашни 31- солагии истиқлоли миллӣ ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва ҳамзистии осоишта мекушад. Тавассути истиқлолият Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёр аст, ки ин ҳам бошад самараи неки истиқлолият аст. Аз ин рӯ мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.
Исоқова Шоҳида – вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр
аз ҳавзаи интихоботии “Ҳ.Алиев” № 5-и шаҳри Конибодом