Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Ифротгароӣ-хатари ҷомеа

 Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба тамоми ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда истодааст. Сабабҳои пайдоиши терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ва даст задани шаҳрвандон ба он, ин паст будани сатҳи дониши диниву дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, вазъи моддӣ, мушкилиҳои оилавӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ ва паст будани сатҳи шуури ҷомеа мебошад. Дар шакли умумӣ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳои чапгарое мебошад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷудбударо қатъиян рад мекунад. Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад. Амалҳои террористиву экстремистӣ бештар дар давлатҳои Ироқ, Сурия ва Яман дида мешаванд, ки мақсади ягонаи онҳо барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас ба тамоми ҷаҳон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки бузургтарин таҳдид на таҳдиди экстремизм, балки таҳдиди экстремизми динӣ ба ҳисоб меравад.

     Бояд зикр намуд, ки мақсади гуруҳҳои террористиву экстремистӣ вайрон кардану халалдор сохтани сулҳу ваҳдати миллӣ, ноором сохтани зиндагии осоиштаи мардум ва аз таълиму тарбия дур мондани ҷавонону наврасон мебошад. Маҳз ҳамин амалҳои хусусияти террористиву экстремистидошта боиси аз соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, техника ва техналогияи муосир дур мондани ҷомеаи муосир мегардад. Бояд қайд кард, ки ин амалҳо на танҳо сулҳу ваҳдати як давлатро халалдор месозанд, балки дигар кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш мегузоранд. 

     Имрӯз бар пояи таъсирҳои номатлуби ин падидаи нозарур мо аз он дар хатар ҳастем, ки дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон қурбони терроризм мегарданд. Ҳузури ҷавонон дар ин амал маънии хеле бад дорад ва нигаронкунанда аст. Вазифаи ҷавонон дар ин гуна шароит аз даст надодани зиракии сиёсӣ, омӯзиши сабабу омилҳои ба ифротгарӣ рӯй овардани ашхос ва гурӯҳҳои терроризм мебошад. Ҷавонон бояд барои дафъи он кӯшиш намоянд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз карда шавад. Онҳо бояд хеле хуб дарк кунанд, ки оқибатҳои нохуши терроризм ва ифротгароӣ кишвари моро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба чӣ ҳолат овард. Ин давраи пур аз таҳдид ва ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ маҳсуб мешавад, ки дар суханронии Пешвои миллат хеле равшан таҷассум ёфтаанд.

    Мо ҷавонони зодаи даврони истиқлол бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки тинҷию осудагии кишвар, ваҳдату якдилӣ осон ба даст наомадааст ва нагузорем, ки таърих, қаҳрамониҳо, ҷонфидоиҳои халқу миллат аз хотир зудуда шаванд. Аз ҳама боигарии муҳими иснон ин ақли солими  ӯст ва мо бояд онро дуруст истифода барем. Барои пешгирӣ намудани хатарҳои шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротгаро ба воситаи ВАО, инчунин дар муассисаҳои таълимӣ бояд бештар масъалаҳои фаҳмонда додани оқибатҳои манфии он ба роҳ монда шавад. Зеро ифротгароӣ ва терроризм вабои аср буда, ба ҷомеа хатари махсусан хавфнок доранд.

Муродова Умеда

Вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд

аз ҳавзаи интихоботии Ҳамробоев 21 дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *